Барои бунёди бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисор созишномаи грантӣ имзо шуд

Декабрь 3, 2022 10:56

ДУШАНБЕ, 03.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар Сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолии давлатҳои рӯ ба рушд, ки Ҳукумати Ҷопон роҳандозӣ кардааст, бо иштироки Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар маросими имзои созишномаи грантӣ оид ба «Лоиҳаи бунёди бунгоҳи тиббӣ ва беҳтарсозии таҷҳизоти тиббӣ дар деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисор» баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар барои дастгирии соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор ба Сафири Ҷопон Тошиҳиро Аики изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари ба ҳам дӯст – Тоҷикистон ва Ҷопон роҳандозӣ шуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Императори Япония муҳтарам Нарухито дар таҳкими равобити дӯстонаи ду давлат арзишманд арзёбӣ мегардад.

Бунёди бунгоҳи тиббии деҳаи Булбулчашма ва муҷаҳҳазгардонии он 124 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дошта, ба ҳалли мушкилоти аҳолии беш аз сеҳазорнафараи деҳаи мазкур ва атрофи он, инчунин хизматрасонии босифати табибон мусоидат менамояд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки минбаъд низ ҳамкории дӯстона таҳким ёфта, дар дигар бахшҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз ҷумла шаҳри Ҳисор тибқи барнома лоиҳаҳои зарурӣ таҳия ва амалӣ хоҳанд гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 3, 2022 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад