БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХ. Дар арафаи Соли нав ба ҳамаи сокинони эҳтиёҷманди Тоҷикистон кумакпулии яквақта дода мешавад
ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандони эҳтиёҷманди кишварро тасдиқ кард ва тасмим гирифт, ки ба онҳо кумакпулии яквақтаи ҳадди ақалли музди меҳнат супорид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарори дахлдорро ба имзо расониданд ва ба «Амонатбонк» дастур доданд, ки ин маблағҳоро ба аҳолӣ пардохт намоянд. Маблағҳо ба кортҳои бонкӣ гузаронида шуда, ё дар шакли пули нақд дода мешаванд.
Интизор меравад, ки маблағҳо то охири соли равон ба эҳтиёҷмандон дастрас шаванд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бори аввал дар таърихи кишвар 475 ҳазор шаҳрвандони эҳтиёҷманд кумаки молиявӣ дар шакли кумакпулии яквақта мегиранд. Барои ин ҳадафҳо 285 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Маблағҳо ба кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ба хотири дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2023 ҳаҷми кумакҳои моддиро ба эҳтиёҷманд афзоиш диҳад. Ҳамин тариқ, маблағи кумакпулӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд аз 512 сомонӣ ба 836 сомонӣ мерасад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






