БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷарроҳии аз ҳам ҷудо намудани «дугоникҳои сиамӣ» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи ҷарроҳии навзодони Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ҷарроҳии аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ «дугоникҳои сиамӣ» гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд.
Волидайни ин тифлон аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мебошанд. Таваллуд тариқи буриши қайсарӣ гузаронида шуд ва муайян гардид, ки яке аз навзодон (ҷинсаш писар) аллакай фавтида, холати навзоди дигар (ҷинсаш духтар) хуб аст. Навзоди фавтида аз қисми сар дар пушди дугоники дигар часпида буд, ки тариқи ҷарроҳӣ аз ҳам ҷудо гардиданд.
Бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё «дугоникҳои сиамӣ» яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ақсои олам ба ҳисоб рафта, ҳоло бо роҳандозӣ гардидани чунин усули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷрибаи хуб ҳосил намуданд.

Ба гуфти мутахассисони соҳа, ин усули нави ҷарроҳӣ ягона дастоварди шуъбаи мазкур набуда, тайи солҳои охир табибони шуъба якчанд навъи ҷарроҳӣ ба роҳ мондаанд, ки барои таъмини сиҳатии навзодон заминаи хуб фароҳам овардааст.
Наздикони тифли нав ҷарроҳишуда аз шароити мусоиди фароҳамгардида ва малакаи кории мутахассисон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мутахассисони шуъбаи мазкур таъкид мекунанд, ки дар айни замон сиҳатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст. Дар айни замон модари тифл дар шуъбаи эҳёгари бистарӣ буда, ҳолати тифли навзод хуб аст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ









ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






