Бори нахуст дар шаҳри Хоруғ бинои чордаҳошёна бунёд мешавад

Декабрь 13, 2022 10:16

ХОРУҒ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди бинои 14-ошёнаи истиқоматӣ дар чорроҳаи хиёбони марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳоли анҷомёбист. Коргарон ба бетонпӯшкунии охирин ошёнаи ин бино оғоз намуда, то охири сол онро ба анҷом мерасонанд. Дар ошёнаи аввали бино марказҳои савдову хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд. Ин нахустин бинои 14-ошёна дар шаҳри Хоруғ аст, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Таҳкурсии ин бинои истиқоматӣ дар чорроҳаи хиёбони марказӣ соли гузошта ниҳода шуд ва дар зарфи як сол 90 фоизи корҳо ба анҷом расиданд. Бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Помирсоз», ки теъдодашон зиёда аз 50 нафар ва ҷавонон маҳаллӣ мебошанд, талош доранд, ки то тобистони соли оянда ин биноро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Қаблан се бинои нуҳошёна дар маҳаллаи Носири Хисрав бунёд гардида буданд. Бинои мазкур на танҳо аз ҷиҳати баландӣ, балки аз намои зоҳирию дохилӣ низ нисбат ба биноҳои дигари истиқоматӣ фарқ дорад. Долону ҳуҷраҳои васеъ бо меъмориҳои хос сохта шуда, тирезаҳои калону рӯ ба офтоб хонаро на танҳо равшан, балки гарм низ нигоҳ медоранд. Илова бар ин бинокорон дар бунёди бино аз хиштҳои гарму маҳкам истифода бурдаанд, ки ҳарорати ҳавои хонаҳоро дар чаҳор фасли сол муътадил нигоҳ медорад. Дар шароити иқлими сарди вилоят, ки баъзан 7 моҳ идома меёбад, барои ҳар сокини ин минтақа гармии хона хеле муҳим мебошад.


Ба гуфти роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Помирсоз» Умедҷон Шарипов, «ин бино аз 140 хонаи як, ду ва сеҳуҷрадор иборат буда, ҳамаи хонаҳо бо меъёрҳои мутобиқ ба замони муосир сохта ва ороиш дода мешаванд. Корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд. Ҳафтаи оянда коргарон ба андовакунии хонаҳо шурӯъ карда, онро дар фурсати кӯтоҳ ба анҷом мерасонанд».

Роҳбари ин ширкати сохтмонӣ гуфт, ки ҳарчанд ҳамаи намудҳои масолеҳи сохтмонӣ аз шаҳри Душанбе интиқол ёфтаанд, вале манзилҳои истиқоматӣ бо нархҳои арзон ба муштариён пешкаш мегарданд. Ногуфта намонад, ки то имрӯз аксари хонаҳои ин бинои баландошёна соҳибони худро пайдо кардаанд.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ сохтмони се бинои истиқоматии 4, 9, 12 ва 14-ошёна идома дошта, ҳар чаҳор бино соли оянда ба истифода дода мешаванд. Баъди ба истифода додани ин биноҳо қариб 500 хонаводаи маркази вилоят бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Декабрь 13, 2022 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад