ЧҶ-2022. Имрӯз дастаҳои мунтахаби Марокаш бо Испания, Португалия бо Швейтсария барои роҳ ёфтан ба даври ¼-финал бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 декабр дар шаҳри Ал Райяни Қатар бозии марҳилаи 1/8-финалии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби Марокаш ва Испания баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Пахши мустақими бозии Марокаш — Испания соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз шуда, барои тамошо дар шабакаҳои телевизионҳои варзишии Тоҷикистон- «Варзиш» ва «Футбол» имконпазир мегардад.
Шаби 6 ба 7 декабр дар Лусаил бозии 1/8-финалии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои мунтахаби Португалия ва Швейтсария бозӣ мекунанд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ Марокаш дар гурӯҳи «F» бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Онҳо бар Белгия (2:0) ва Канада (2:1) ғолиб омада, бо Хорватия мусовӣ (0:0) намуданд.
Испания дар гурӯҳи «Е» дуюм шуда, 4 хол ба даст овард, бар дастаи Коста-Рика (7:0) ғолиб омад, бо Олмон мусовӣ (1:1) кард ва аз Ҷопон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Пахши мустақими бозии Португалия ва Швейтсария соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз шуда, барои тамошо дар шабакаҳои телевизионҳои варзишии Тоҷикистон- «Варзиш» ва «Футбол» имконпазир мегардад.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ Португалия дар гурӯҳи «Н» бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб кард. Португалия бар Гана (3:2) ва Уругвай (2:0) пирӯз шуд ва аз Кореяи Ҷанубӣ (1:2) шикаст хӯрд.
Швейтсария дар гурӯҳи «G» аз Бразилия (0:1) шикаст хӯрда, бар Камерун (1:0) ва Сербия (3:2) пирӯзӣ ба даст овард ва дар ҷойи дуюм ба 1/8-финал роҳ ёфт.
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






