Дар Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷатҳо ба шакли электронӣ гузаронида мешаванд
КӮЛОБ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба талабот дар айни замон ҳуҷҷатҳоро ба шакли электронӣ гузаронида истодаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Дар шаҳри Кӯлоб дар баробари бойгонии шаҳр Бойгонии давлатии вилояти Хатлон фаъолият мекунад, ки дар он ҳуҷҷату санадҳои ташкилоту идора ва қарору дигар аснод нигоҳдорӣ карда мешаванд. Имсол кормандони Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб тавонистанд аз корхонаю ташкилот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ миқдори зиёди ҳуҷҷатҳоро ба бойгонӣ ворид намоянд. Дар баробари ин ба шаҳрвандон вобаста ба муроҷиаташон нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дастрас карда мешавад.
Директори бойгонӣ Сафар Нурализода иттилоъ дод, ки «нигоҳдории ҳуҷҷатҳо талаботи худро дорад ва дар ин бино барои нигоҳдории онҳо шароити хуб фароҳам мебошад. Ҳарорати дохили бино ҳар соат назорат карда мешавад, то аз меъёри муъаяншуда паст ё баланд нашавад. Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор қатъиян риоя гардида, таҷҳизоти махсуси ҳимоявии равшанидиҳанда, гӯшаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бо тамоми таҷҳизот ва хатти муосири огоҳидиҳанда васл гардидаанд. Дар ҳамаи шуъбаҳо ҳуҷҷатҳо аз рӯи талабот ҷо ба ҷо ва тамғагузорӣ шудаанд то ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон сари вақт дастрас ва пешниҳоди муроҷиаткунандагон гарданд».
Мутаассифона, то ҳол баъзе идораву ташкилот ва ҷамоатҳои деҳоту бойгониҳои ноҳияҳо ҳуҷҷатҳоро ба Бойгонии давлатии вилояти Хатлон насупоридаанд.
Ҳуҷҷатҳои дар бойгонӣ маҳфуз вобаста ба сол, моҳ, шаҳру ноҳия ва ташкилоту идораҳо рақамгузорӣ карда шудаанд. Дар инҷо барои ҳуҷҷатҳои воридшаванда низ ҷой омода карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






