Дар Данғара ҷаласаи 4-уми фосилавии Шўрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар ноҳияи Данғара таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи 4-уми фосилавии Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур аъзои Шўрои машваратӣ, роҳбарон, масъулони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва шахсони даъватшуда, аз ҷумла ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид оғоз намуда, зикр кард, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, сармоягузорию тиҷоратӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Айни замон бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорию соҳибкорӣ ва тавсеаи имкониятҳои содиротии кишвар ислоҳоти институтсионалӣ ва иқтисодӣ амалӣ карда мешавад».
Гуфта шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон гардид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ” ва “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки ба пешрафти ин самт мусоидат менамояд.
Ҳамчунин дар ҷаласа аз мулоҳизаҳои Президенти мамлакат вобаста ба таъсис ва фаъолияти босамари Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ёдоварӣ карда шуд.
Дар ҷаласа Директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Айтен Рустамова изҳори назар намуда, тибқи масъалаҳои рўзномаи ҷаласа гузоришҳои Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмудзода ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода шунида шуданд.
Вобаста ба ҳамкорӣ, тавсеаи имкониятҳо дар доираи фаъолияти Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ мушовири калон оид ба масъалаҳои идоракунии самаранок дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Монголияи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ҳамид Нармуратов ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба саволҳои матраҳшуда оид ба ҷараёни таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди тиҷорати электронӣ ва Нақшаи чорабиниҳои он, ки дар ҷаласаи XXII Шӯро дастур дода шудааст, инчунин мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо вобаста ба вазъи фаъолияти шӯроҳои маҳаллии соҳибкорию сармоягузорӣ дар минтақаҳо маълумот манзур намуданд.
Намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла аъзои Шӯро — роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шафқат” Манзура Ғаффорова, директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Наима Норматова, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” Далер Шарифӣ, инчунин соҳибкор аз ВМКБ Ёралӣ Бердов, роҳбари ҶДММ “Саёҳат ва тиҷорати Помир” ва дигарон оид ба як қатор масъалаҳои соҳа мулоҳизаҳои хешро баён намуда, пешниҳоди муфид манзур намуданд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат роҷеъ ба баррасии масъалаҳои беҳтар кардани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат ва маориф, оид ба татбиқи афзалиятҳои амалиётӣ ва стратегии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, таҳлилу омўзиши пешниҳодҳои намояндагони бахши хусусӣ ва манзур намудани таклифҳои мушаххас ибрози назар намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа, бо дарназардошти мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои баёнгардида дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.
АКС: Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ










Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»






