Дар даҳ моҳи соли равон беш аз 408 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз Хатлон дидан кардаанд

Декабрь 14, 2022 10:07

ДУШАНБЕ, 14.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 408 ҳазору 448 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлонро тамошо кардаанд. Аз ин теъдод 15 ҳазору 570 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Тавре мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Дилшод Шоҳзода иброз дошт, дар айни ҳол дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона, 18 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 ҳомстей ва гестхаус, 88 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуданд. Инчунин, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Ҳамчунин бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба сайёҳон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ сомонаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол гардидааст.


Мавриди зикр аст, ки Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, ки таърихи куҳану асрори ниёгонро дар худ нуҳуфтааст, табиати зебову афсункору водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст.

Қариб дар ҳамаи ноҳияҳо сайри табиат ва зиёрати мавзеъҳои таърихии динӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Алалхусус, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи Хоҷа Машҳаду мавзеи Чилучорчашма дар ноҳияи Шаҳритус, оромгоҳи Зайналобуддин дар ноҳияи Дӯстӣ, мавзеи мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, мавзеи шаршараи Сарихосор дар ноҳияи Балҷувон, мавзеи Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб карда истодаанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Декабрь 14, 2022 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад