Дар Душанбе бахшида ба қабули Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиш баргузор шуд

Декабрь 20, 2022 14:34

ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба қабули Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ зимни баррасии мавзӯъ проблемаи обшавии пиряхҳоро аз масоили нигаронкунанда дар минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кард. Ба қавли мавсуф, агар ин раванд, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуқӯъ пайвастааст, ҷилавгирӣ нашавад, дар ҷараёни обшавии пиряхҳо оқибатҳои вахим ба бор меоянд. Об сарчашмаи ҳаёт аст ва норасоии он ё худ дастрас набудани оби нӯшокӣ барои бархе аз аҳолии кураи Замин имкон фароҳам меорад, ки зиндагии башар ранги дигар гирад ва иқлими тағйирёбанда мавзеъҳои хушу ободро метавонад ба биёбонҳои хушк мубаддал созад. Аз ин хотир пазируфтани ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об айни муддао буда, ҳушдоре дар заминаи дигаргуниҳои табиӣ мебошад.

Ҷаҳони муосир бинобар фаъолияти мухталиф, ки муҳити экологӣ аз чунин амалҳо заҳролуд мегардад, рушд мекунад. Аммо чунин тараққиёт дар айни замон маҳвшавӣ ба бор меорад ва аллакай бисёр мамлакатҳои Аврупо аз саноате, ки муҳитро заҳролуд мекунад, даст кашидаанд. Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заҳролудшавии сайёраамон хеле кам аст, аммо онҳое, ки ҳиссаи асосиро дар ин маврид татбиқ месозанд, бояд аз баъзе унсурҳои саноатӣ даст кашанд. Қатъномаи мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки инсон бояд ояндабин бошад.

Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Абдуҳалим Қаюмов обшавии пиряхҳоро натиҷаи ивазшавии иқлим номид. Ӯ зикр кард, ки раванди обшавии пиряхҳо суръати худро торафт тезтар месозад ва ин раванд, албатта, хатари ҷиддӣ ба бор хоҳад овард.

Дар ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон ба суолҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Бояд гуфт, ки моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 20, 2022 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст