Дар Душанбе барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва кӯдакони дорои синдроми дауна фестивали футбол гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар маҷмааи варзишии Академияи «Ювентус»-и шаҳри Душанбе 29 декабр барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав ва кӯдакони дорои синдроми Дауна таҳти шиори «Футбол барои ҳама» фестивал баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар фестивал, ки бо ибтикори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон баргузор шуд, 140 нафар кӯдак ширкат доштанд. Пас аз анҷоми машқҳо таҳти садои мусиқӣ бачаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар эстафетаҳо иштирок карданд, футболбозӣ ва тӯббозӣ намуданд.
Фестивал ба бачаҳо ҳиссиёти фаромӯшнашаванда бахшид. Дар фарҷоми фестивали футбол ба ҳамаи иштирокчиён сару либоси варзишӣ ва медалу тӯбҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Акс: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






