Дар Фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар нуқтаи иттилоотии сайёҳӣ ташкил карда шуд

Декабрь 16, 2022 15:17

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Бохтар нуқтаи иттилоотии сайёҳӣ ташкил гардид. Ҳамчунин бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба меҳмонон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ сомонаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Масъулини шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон иброз доштанд, ки ин амалҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии вилоят ва ба сайёҳон дастраст будани маълумотҳо роҳандозӣ гардидааст.

Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, ки таърихи куҳану асрори ниёгонро дар худ нуҳуфтааст, табиати зебову афсункору водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст.Дар айни ҳол дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона, 18 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 ҳомстей ва гестхаус, 88 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуданд. Инчунин, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Дилшод Шоҳзода, дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 408 ҳазору 448 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлонро тамошо кардаанд. Аз ин теъдод 15 ҳазору 570 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Соли 2021 аз вилояти Хатлон беш аз 440 ҳазор нафар сайёҳон, аз ҷумла 2676 сайёҳи хориҷӣ дидан намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Декабрь 16, 2022 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд