Дар Фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар нуқтаи иттилоотии сайёҳӣ ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Бохтар нуқтаи иттилоотии сайёҳӣ ташкил гардид. Ҳамчунин бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба меҳмонон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ сомонаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Масъулини шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон иброз доштанд, ки ин амалҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии вилоят ва ба сайёҳон дастраст будани маълумотҳо роҳандозӣ гардидааст.
Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, ки таърихи куҳану асрори ниёгонро дар худ нуҳуфтааст, табиати зебову афсункору водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст.
Дар айни ҳол дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона, 18 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 ҳомстей ва гестхаус, 88 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуданд. Инчунин, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Дилшод Шоҳзода, дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 408 ҳазору 448 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлонро тамошо кардаанд. Аз ин теъдод 15 ҳазору 570 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Соли 2021 аз вилояти Хатлон беш аз 440 ҳазор нафар сайёҳон, аз ҷумла 2676 сайёҳи хориҷӣ дидан намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд






