ДАР МОСКВА РӮНАМОИИ КИТОБИ НАВИ ДАРСИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БАРГУЗОР ГАРДИД. Яке аз муаллифони он собиқ роҳбари бунгоҳи АМИТ «Ховар» дар пойтахти Россия мебошад
ДУШАНБЕ, 19.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази адабиёти шарқи Китобхонаи давлатии Россия рӯнамоии китоби дарсии «Забони тоҷикӣ. Тарҷумаи ҷамъиятию сиёсӣ» баргузор гардид. Китоби мазкур дар Донишкадаи давлатии муносибатхои байналмилалии Москваи (ҳоло Донишгоҳ) Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия аз чоп баромада, муаллифони он Ҳалима Хушқадамова ва Елена Гладкова мебошанд.
Қабл аз маросим иштирокчиён ва меҳмонон намоишгоҳи хурди махсуси китобҳои фондҳои Китобхонаи давлатии Россия боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ дастовардҳои нашриётҳои чопӣ — китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои мактабҳои русӣ ва русзабонҳо аз солҳои 1920-уми асри гузашта то имрӯз ба маъраз гузошта шуданд.
Муовини директори Маркази адабиёти шарқи Китобхонаи давлатии Россия М В. Меланина меҳмонон ва иштирокчиёни маросимро хайрамақдам гуфта, дар бораи анъанаи деринаи ҳамкорӣ, ки Марказ ва Донишкадаи давлатии муносибатхои байналмилалии Москва (Донишгоҳи)-и Вазорати корҳои хориҷии Россияро мепайвандад, сухан гуфт.

ДАР АКС: Елена Лвовна Гладкова, мудири кафедраи забонҳои ҳинду эронӣ ва африқоии Донишкадаи давлатии муносибатхои байналмилалии Москва (Донишгоҳ)-и Вазорати корҳои хориҷии Россия.
Доктори илмҳои ҷомеашиносӣ, профессори кафедраи забонҳои ҳинду эронӣ ва африқоӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Х.О. Хушқадамова таваҷҷуҳи ҳозиринро ба «Китоби дарсии забони точикӣ барои мактабҳои олӣ «Забони тоҷикӣ» (нашриёти «Ирфон», 1969) бо соядасти муаллифони китоби дарсӣ, ки ба унвонии нависандаи машҳури советию тоҷик Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1969 нашр шуда буд, ҷалб намуд.
Худи нависанда, ба гуфтаи вай, 8 майи соли 1995 ба ӯ, он замон котиби матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия ин китоби дарсиро ҳадя кардааст ва Халимахон Отамбековна бар ин бовар аст, ки ин ҳидояти устодро то андозае иҷро мекунад.

ДАР АКС: доктори илмҳои ҷомеашиносӣ, узви Иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон Ҳалимахон Отамбековна Хушқадамова.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Маълумоти АМИТ «Ховар»
Матнҳои китоби дарсӣ бар асоси маводи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон – АМИТ «Ховар» ва интишороти сомонаҳои расмии Тоҷикистон таҳия гардидаанд. Ҳангоми таҳия ва навиштани дастурамал тамоюли наздикшавии меъёри адабии забони муосири тоҷикӣ бо забони классикии форсӣ ба назар гирифта шудааст.
Китоби дарсии «Забони тоҷикӣ. Тарҷумаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ» аввалин дастурамали дарсӣ дар ин шакл миёни дигар забонҳои кишварҳои узви ИДМ мебошад. Он дар курси забони тоҷикии назди ДДМБМ-и Вазорати корҳои хориҷии Россия, ДДОА-и Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ва Донишгоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия санҷида шуд.








Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд






