Дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо Jerusalem Masters 2022 се варзишгари тоҷик қувва месанҷанд
ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо Jerusalem Masters 2022, ки 20-22 декабр доир мешавад, се варзишгари маъруф — Нуралӣ Эмомалӣ (то 66 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рӯзи аввал — 20 декабр рақобатҳо дар вазнҳои то 60 кг, 66 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 48 кг, 52 кг, 57 кг миёни занон баргузор мешаванд. Дар рӯзи дуюм — 21 декабр гӯштингирон дар вазнҳои то 73 кг, 81 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 63, 70 килограмм миёни занон сабқат мекунанд.
Мусобиқа 22 декабр бо рақобатҳо дар вазнҳои 90, 100, +100 кг барои мардон ва 78, +78 кг миёни занон ба анҷом мерасад.
Имсол 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон ба мусобиқаи Jerusalem Masters номнавис шудаанд. Дзюдочиён дар ҳар вазн мувофиқи мавқеашон дар рейтинги ҷаҳонӣ рақобат мекунанд. Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалу ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Париж мубориза мебаранд.
Мусобиқаи байналмилалии Masters пас аз Бозиҳои олимпӣ ва чемпионати ҷаҳон бузургтарин ва муҳимтарин мусобиқа маҳсуб мешавад. Гирифтани медали тилло дар мусобиқаи Masters ба варзишгар 1800 имтиёз, медали нуқра — 1260 имтиёз ва медали биринҷӣ — 900 имтиёз медиҳад. Барои муқоиса, дар мусобиқаи «Grand Slam», ки чанд соли ахир дар Тел-Авив баргузор шуд, ба даст овардани медали тилло ҳамагӣ 1000 имтиёз арзиш дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта аз Тоҷикистон 3 варзишгар ба World Judo Masters дар Давҳа рафта буданд. Миёни онҳо натиҷаи беҳтаринро Темур Раҳимов нишон дод, ки дар вазни беш аз 100 кг мақоми панҷумро гирифт. Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода- ҳарду дар вазни то 73 кило дар марҳилаи аввал шикаст хӯрданд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи ноябри соли равон Исмоил Маҳмадзоир ба вазифаи раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон (ФДТ) барои солҳои 2022-2026 интихоб шуд. Собиқ раиси ФДТ Нурулло Лоиқов дар вазифаи муовини раиси федератсия кор мекунад.
АКС: Федератсияи байналмилалии дзюдо








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






