ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар арафаи Соли нави мелодӣ вазорату идораҳои Тоҷикистон ба қишри ниёзманди аҳолӣ кумак расониданд

Декабрь 31, 2022 15:53

ДУШАНБЕ, 31.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ёрмандӣ ба қишри ниёзманди аҳолӣ имрӯзҳо аз ҷониби соҳибкорону масъулини вазорату идораҳо ба якчанд қисмҳои низомӣ, мактаб — интернатҳо ва шахсони ниёзманд кумакҳои моддиву маънавӣ расонида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Аз ҷумла, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот аз ҷониби Кумита ба афсарону сарбозон кумакҳои моддиву маънавӣ, аз қабили либосҳои солинавӣ, туҳфаҳо тақдим шуда, дастархони идона ороста шуд.

Чунин иқдом дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ роҳандозӣ гардида, барои хизмати содиқонаву софдилонаи сарбозону афсарон дар роҳи хизмат ба Ватан сипосномаҳои Кумита ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.


Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсус барои зиёда аз 500 нафар сарбозону афсарони қисми низомии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бо оростани дастархони идона ташкил карда шуд.

Ҳамзамон барои сарбозону афсарони қисми ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барномаи фарҳангӣ бо оростани дарстархони идона ташкил карда шуд.

Инчунин ба Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода кумаки ғизоӣ — орд, равған, маводи эҳтиёҷотӣ, аз қабили мошинаи ҷомашӯӣ, уребча (памперс), хамираи дандоншӯӣ, собун, хокаи ҷомашӯӣ ва сони сафед расонида шуд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Бо ташаббуси ФИКМТ ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои миллат ҳайати шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ба хабаргирии афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии воқеъ дар ҷамоати Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, барои онҳо дастархони идона оростанд. Инчунин ба қисми ҳарбии мазкур маводи хӯрокворӣ, аз қабили биринҷ, макарон, равғани растанӣ, картошка, сабзӣ, пиёз ва ғайра дастрас карда шуд.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Роҳбарияти Донишгоҳ ба аёдати сарбозону афсарони қисми ҳарбии Баталиони муҳофизатии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд.

Барои зиёда аз 300 нафар сарбозону афсарон дастурхони пурнозу неъмат бо хӯроки гарм ороста шуда, барномаи консертӣ пешниҳод гардид.

Инчунин донишҷӯёни ятим, маъюб ва бепарастор, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, бо муқофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати солхӯрдагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе рафтанд.

Зимни вохӯрӣ бо бошандагони маркази минтақавии мазкур муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода изҳор намуд, ки пиронсолони кишвар ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста ҷиҳати беҳбуди шароити зиндагонӣ ва таъмини фазои осоишта барои онҳо кӯшиш намуда, кафолат медиҳанд, ки ҳеҷ гоҳ ба хору зор шудан ва танҳоиву бесоҳибии ин қишри ҷомеа намегузоранд.

Масъулини Агентии хизмати давлатӣ аз шароити будубоши пиронсолон дар Марказ дидан намуда, шириниҳо тақдим намуданд.

Дар шаҳри Роғун ба 70 нафар ятимон туҳфаҳои Пешвои миллатро тақдим намуданд

Дар доираи таҷлили Соли нави мелодӣ туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сару либоси зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ  иборат буд, аз ҷониби сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабиён, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ва Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода ба 70 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати №4 ва Хонаи бачагони шаҳри Роғун тақдим карда шуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва тамоми ташкилоту корхонаҳои дар НБО “Роғун” амалкунанда кумакҳои яквақтаина,  ба монанди маводи хӯрокворӣ, туҳфаҳои солинавӣ, маводи захиравӣ барои зимистонгузаронӣ ва курпаҳо барои рахти хоби кӯдакон ба ятимони Хонаи бачагони шаҳри Роғун расонида шуданд.

Ҳамзамон баҳри таълимгирандагони ин даргоҳ дастархони идона ороста шуда, чорабинии фарҳангии санъаткорони бахши фарҳанг бо созу навои худ таъби ҳозиринро болида гардонид.

Дар шаҳри Бӯстон ба 150 нафар кӯдакони дорои имконияти маҳдуд туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва ибтикори гурӯҳи ҷавонони ташаббускори вилоят дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии бо волидон ва кӯдакони дорои имконияти маҳдуд фаъолиятбаранда дар тарабхонаи «Элегант»-и шаҳри Бӯстон барои 150 нафар кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дастархони идона ороста шуд.

Дар он 150 нафар кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат намуданд.

Дар ин рӯз баҳри болидахотирии кӯдакон аз ҷониби санъаткорони шаҳри Бӯстон барномаҳои рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуда, миёни кӯдакон ва қаҳрамонҳои филмҳои афсонавӣ бозиҳои шавқовар гузаронида шуданд.

Дар фарҷом ба кӯдакон туҳфаҳои идонаи солинавӣ тақдим карда шуданд.

Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Бонки «Саноатсодиротбонк» ба афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғуланд, дар арафаи Соли нави мелодӣ маводи ғизоии мавриди ниёзи аввал ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.


Маводи ғизоӣ аз орди навъи якум, равғани растанӣ, шакар, биринҷ, картошка, пиёз ва гӯшти гӯсфанду дигар маҳҳсулот иборат буда, ба Хадамоти таъминоти хӯрокаи Раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор кумак, ки иборат аз маводи озуқаворӣ- орд, равған, биринҷ, макарон, чойи хушк, намак, картошка, пиёз, сабзӣ ва ҳамзамон 4 адад гармкунаки барқӣ, 15 ҷуфт мизу курсӣ, 1 доскаи электронӣ, 1 видеопраэктор, 6 адад картриҷ буд, расониданд.

Ҳамзамон ба 106 нафар тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ туҳфаҳои солинавии раёсати донишгоҳ расонида шуданд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Соли нави мелодӣ ба қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ маводи хӯрокворӣ тақдим намуд.


Дар чорабинии идона муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода иштирок карда, сарбозони қисми ҳарбиро бо Соли нави мелодӣ табрик намуд.

Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба афсарону сарбозони шаҳри Бохтар

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокарти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Соли нави мелодӣ дар қисми низомии Қӯшунҳои дохилии ВКД дар вилояти Хатлон чорабинии идона доир гардид.

Зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисми низомӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ҷиҳати адо намудани хизмати Ватан-Модар ба афсарону сарбозон муваффақият таманно намуд.

Ҳамчунин ба қисми низомии мазкур як миқдор кумаки моддӣ расонида шуда, ба як зумра сарбозону афсарон туҳфаҳо тақдим гардиданд. Зимнан барномаи консертии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг”-и шаҳри Бохтар манзури ҳамагон гардонида шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2022 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст»