Дар Тоҷикистон шаҳрвандон шаби Соли навро бе барф, вале пурнишот истиқбол мегиранд

Декабрь 30, 2022 18:20

ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол шаби Соли навро сокинони мамлакат бе барф пешвоз мегиранд. 30-31 декабр дар шаҳри  Душанбе ҳавои тайғирёбанда шуда, борон меборад.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Албатта, шаби Соли навро дар Тоҷикистон бе барф ҳам бо шодиву нишот таҷлил кардан мумкин аст. Зеро дар бештари давлатҳо,  аз ҷумла Австралия умуман барф намеборад, вале шаби 31 декабр Соли навро хеле пуршукӯҳ ҷашн мегиранд. Аслан шаби Соли навро дар Австралия 1 январ- дар авҷи гармӣ истиқбол мегиранд. Ҳарорати миёна дар ин вақт 25—30°С шуда, барфу борон намеборад, вале Соли нав дар Австралия хубу хотирмон таҷлил мегардад.

Дар Тоҷикистон низ тибқи пешгӯии обуҳавошиносони мамлакат,  рӯзҳои охири соли 2022 ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Дар шаҳри Душанбе аз 29 то 31 декабр ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳарорати ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.

Аммо ин тағйирёбии обу ҳаво ва наборидани барф сабаб шуда наметавонад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва хусусан шаҳри Душанбе шаби Соли навро бо фараҳу шодӣ истиқбол нагиранд. Зеро дар ин шаб, яъне 31 декабр, соати 20:30 дар майдони «Истиқлол»-и пойтахт шоу-барномаи солинавӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ дар майдони «Истиқлол» ба муддати 4-5 дақиқа мушакҳои ранга паронда мешаванд.

Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, боғчаи ноҳияи Сино- назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар ноҳияи Фирдавсӣ — назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзҳои охири соли 2022 дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 4 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Бадахшон дар ин рӯзҳо ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона то 4 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона то 22 ва рӯзона то 10 дараҷа хунук хоҳад шуд.

Дар вилояти Xатлон дар ин рӯзҳо ҳавои қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва шабона барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо аз 5 то 11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо аз 4 то 11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд 30-31 декабр ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 9 дараҷа хунук ва рӯзона то 4 дараҷа гарм мешавад.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Декабрь 30, 2022 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд