Дар Тоҷикистон то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола боло соҳибкасб гардонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва инчунин саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ бояд чораҷӯӣ карда шавад. Чунин супориш доданд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабр зимни ироаи Паёми хеш «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
Президенти мамлакат ҳамзамон иброз доштанд, ки бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.
Бояд гуфт, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми соли гузашта 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супориш дода буданд, ки «бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд».
28 майи соли 2022 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид.
«Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятноки асосии рушди кишвар муқаррар шудааст, таҳия гардидааст.
Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст: васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имконияти шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ.
Ҳамчунин Сарвари давлат иброз доштанд, ки барои беҳтар гардонидани сифати таҳсилу касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва занону бонувон бояд тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






