Дар Токио таҳкиму тавсеаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон баррасӣ шуд

Декабрь 24, 2022 09:51

ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр Вазири корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида ширкат намуд.

Дар ҷараёни мулоқот атрофи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва инчунин аҳаммияти таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» табодули афкор гардид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 18 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати  Тоҷикистон машварати 7-уми Муколамаи  вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»  баргузор гардид.

Дар он вазирони коррҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҷопон ва муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон, инчунин ба ҳайси меҳмони фахрӣ Вазири корҳои хориҷии Афғонистон иштирок доштанд.

Дар доираи машварат  се ҷаласа дар мавзӯъҳои  «Ҳамкории амалии   кишварҳои аъзои  Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар бахши сайёҳӣ», «Ҳамкории кишварҳои аъзои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар соҳаҳои савдо, сармоя  ва рушд», инчунин «Амнияти минтақавӣ ва ҳамкории минтақавӣ» доир гардид.

Дар фарҷоми машварат роҳбарони ҳайатҳо Изҳороти муштараки машварати 7-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»-ро ба тасвиб расониданд.

Хотиррасон менамоем, ки иштирокдорони ин машваратро Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2004 Ҷопон   иқдомеро доир ба шакли  нави ҳамкорӣ  бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон»   ба роҳ монд. Ҳадаф аз он густариш ва тақвияти робитаҳои қавии  кишварҳои минтақа бо Ҷопон ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад.

Дар зарфи ин солҳо Муколама дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷопон  нақши муассир гузошт.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 24, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад