Дар Узбекистон содироти гази моеъро пурра манъ карданд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Узбекистон тасмим гирифт, ки содироти гази моеъро пурра манъ кунад. Сабаби ин мушкилоти таъмини неруи барқ дар дохили кишвар аст. Илова бар ин, то 1 марти соли 2023 мошинҳое, ки бо гази моеъ кор мекунанд ва ба муассисаҳои давлатӣ тааллуқ доранд, ба бензин мегузаранд. Дар ин бора дар ҷараёни ҷаласае, ки таҳти раёсати роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон гузашт, маълум гардид, хабар медиҳад «Ховар» бо истинод ба Kun.uz.
Тибқи маълумоти он, дар Узбекистон чораҳои иловагии зерин қабул карда мешаванд:
— ба ҳамаи истеҳсолкунандагон ва тоҷирон содирот намудани гази моеъ манъ карда мешавад;
— дар мавридҳое, ки бо гази табиӣ таъмин кардан имкон надорад, ба аҳолӣ гази моеъ дода мешавад;
— то охири сол тамдид намудани маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ба истгоҳҳои насосии низоми Вазорати хоҷагии об;
— афзоиши воридоти бензин, инчунин ашёи хом барои истеҳсоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ;
— пешгирии иштироки ширкатҳои миёнарав дар савдои бензини АИ-80 дар биржа;
— ҳисоб ва ситонидани андози аксизӣ барои воридоти бензини АИ-80 ва андози аксизӣ аз фурӯши чаканаи он ба муҳлати 2 моҳ боздошта мешавад;
— ҳаҷми шабонарӯзии бензини АИ-80, ки дар биржа фурӯхта мешавад, зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин то 1 марти соли 2023 мошинҳое, ки бо гази моеъ кор мекунанд ва ба сохторҳои давлатӣ тааллуқ доранд, ба бензин мегузаранд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Тимур Батиршин








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






