Дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 02.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати моҳи октябри соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 21 миллиарду 832 миллиону 485,7 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,3 фоиз (1 миллиарду 299 миллиону 455,2 ҳазор сомонӣ) афзоиш ёфтааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар вилояти Хатлон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ ба ҳолати 1 ноябри соли равон як миллиону 47,2 ҳазор тонна ғалладона, 1 миллиону 513,1 ҳазор тонна сабзавот, 204,5 ҳазор тонна картошка, 651,4 ҳазор тонна полезӣ, 220,1 тонна мевагиҳо, 115,4 тонна ангур ва 24,7 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва гулҳо истеҳсол гардидаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладона 106,4%, сабзавот 106,6%, полезӣ 104,6%, мевагиҳо 109,3%, ангур 110,8% ва ниҳолу кӯчат 123,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 18 июни соли равон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохтанд, ки «мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии ин созмон вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад».
«Аз ин рӯ, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати пурра таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд»,- зикр карданд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «дар вилояти Хатлон чунин имконият нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат фаровонанд ва кишоварзони вилоят дар шароити ҳассоси имрӯза метавонанд дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар саҳм гузоранд. Инчунин вобаста ба шароити иқлим вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар хусусияти хоси худро дошта, имконияти зиёди бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро дорад».
Ёдовар мешавем, ки барои таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло боз 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодаанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






