Дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6,3 фоиз афзоиш ёфтааст

Декабрь 2, 2022 10:54

ДУШАНБЕ, 02.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати моҳи октябри соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 21 миллиарду 832 миллиону 485,7 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,3 фоиз (1 миллиарду 299 миллиону 455,2 ҳазор сомонӣ) афзоиш ёфтааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар вилояти Хатлон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ ба ҳолати 1 ноябри соли равон як миллиону 47,2 ҳазор тонна ғалладона, 1 миллиону 513,1 ҳазор тонна сабзавот, 204,5 ҳазор тонна картошка, 651,4 ҳазор тонна полезӣ, 220,1 тонна мевагиҳо, 115,4 тонна ангур ва 24,7 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва гулҳо истеҳсол гардидаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладона 106,4%, сабзавот 106,6%, полезӣ 104,6%, мевагиҳо 109,3%, ангур 110,8% ва ниҳолу кӯчат 123,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 18 июни соли равон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохтанд, ки «мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии ин созмон вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад».

«Аз ин рӯ, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати пурра таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд»,- зикр карданд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «дар вилояти Хатлон чунин имконият нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат фаровонанд ва кишоварзони вилоят дар шароити ҳассоси имрӯза метавонанд дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар саҳм гузоранд. Инчунин вобаста ба шароити иқлим вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар хусусияти хоси худро дошта, имконияти зиёди бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро дорад».

Ёдовар мешавем, ки барои таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло боз 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодаанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2022 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд
Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид
Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад