Эмомалӣ Раҳмон: Душанбе ва Исломобод омодаанд дар масъалаи роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои Покистон ҳамкорӣ кунанд

Декабрь 15, 2022 12:37

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Душанбе ва Исломобод барои густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, аз ҷумла ҷиҳати роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон омодаанд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар Исломобод Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф изҳор доштанд.

Сарвазири Покистон ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолияти бандари баҳрии Гвадар маълумот дода, пешниҳод кард, ки Тоҷикистон аз иншооти бандарҳои Покистон ва Долони иқтисодии Чин-Покистон истифода намояд. Ӯ таъкид дошт, ки бандарҳои Покистон масири кӯтоҳтарин ва камхарҷ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон буда, ҷиҳати баромадан ба бозорҳои Ховари Миёна ва фаротар аз он имконият фароҳам меоранд.

«Мо ба таъмини рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудем. Дар соҳаи нақлиёт мо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷиҳати роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон бори дигар таъкид кардем», — зикр намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ дар Покистон.

Ҳамчунин бино ба гуфтаи Пешвои миллат, ҷонибҳо оид ба идома додани ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи КАСА-1000 табодули афкор намуданд.

Тавре Президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни музокирот ҷонибҳо зикр карданд, ки соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва доруворӣ метавонанд аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2022 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид