«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 5 декабр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад

Декабрь 3, 2022 09:07

ДУШАНБЕ, 03.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар он 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯёни (магистрантон, аспирантон) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат меварзанд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт хабар дод.

Озмун аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср баргузор мегардад.

Ба зикри Эҳсони Хушбахт, тибқи ҷадвали баргузории озмун иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо — хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, эҷоди назму наср (бахши назм ва бахши наср) ва барои дарёфти Шоҳҷоиза донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад ва Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.

Озмуни мазкур дар сар то сари кишвар ҳамовозии махсус касб карда, теъдоди иштирокчиён пайваста меафзояд. Дар даври якуми он 128 ҳазору 851 нафар довталаб, аз ҷумла 5235 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 19947 нафар аз шаҳри Душанбе, 38523 нафар аз вилояти Суғд, 47619 нафар аз вилояти Хатлон ва 17527 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, 37984 иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Бояд зикр намуд, ки дар маҷмӯъ, 35050 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), 80156 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), 4722 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 8923 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Ба даври дуюми озмун 37 ҳазору 984 нафар, аз ҷумла 10 ҳазору 491 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), 21 ҳазору 881 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), 1949 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 3663 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун роҳхат гирифтанд.

Даври дуюми озмун моҳи май дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) баргузор гардида, дар он 985 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 2998 нафар аз шаҳри Душанбе, 7099 нафар аз вилояти Суғд, 23869 нафар аз вилояти Хатлон ва 2908 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Аз шумораи умумии довталабон 7096 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.

Даври сеюми озмун дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Рашт бо иштироки ғолибони даври дуюм аз 17 то 27 октябри соли 2022 баргузор гардид, ки дар он 4908 нафар довталаб, аз ҷумла 214 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 361 нафар аз шаҳри Душанбе, 825 нафар аз вилояти Суғд, 3144 нафар аз вилояти Хатлон, 297 нафар аз минтақаи Ҳисор ва 67 нафар аз минтақаи Рашт ширкат варзиданд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 3, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад
«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф ва илм иштирок намуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum — 2026) иштирок намуд