ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Аргентина пас аз 8 сол дубора ба финали Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 14 декабр бозии якуми марҳилаи нимфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар дастаи мунтахаби Аргентина бар Хорватия бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯқз гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Бозии мазкур дар варзишгоҳи «Лусаил» баргузор шуда, голҳоро дар ин вохӯрӣ Лионел Месси ва ду маротиба Хулиан Алварес ба нишон расониданд.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Аргентина пас аз 8 сол дубора ба финали Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт.
Бояд тазаккур дод, ки дар бозии дигари нимфинал дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Марокаш иштирокчии навбатии даври финалиро ин шаб муаяйн месозанд. Дастаи мунтахаби Хорватия ҳоло барои медали биринҷӣ рақобатро идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Фаронса чемпиони кунунии ҷаҳон ва Хорватия — барандаи медали нуқра мебошад.
АКС аз Global Look Press








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






