ҲХДТ 26 нафар иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро қадрдонӣ намуд

Декабрь 19, 2022 11:11

ДУШАНБЕ, 19.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими супоридани мукофоти пулӣ ба иштирокчиёни даври чоруми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, баргузор шуд. Дар ин маросими бошукӯҳ дар баробари намояндагони сохторҳои давлатӣ муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ширкат намуда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 26 нафар иштирокчии фаъоли озмун, аз ҷумла ба 13 нафар ятимон ва шахсони маҳдудимкон 4 000 сомонӣ ва ба 13 нафар пиронсолон ба маблағи 3 000 сомонӣ аз номи Раиси ҳизб тақдим намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар доданд.

Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши боризе гузошта истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони касбу кори гуногун ҷиҳати дастгирии ташаббуси Пешвои миллат тамоми неруи зеҳнии худро равона карда, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.


Хотиррасон мешавем, ки 17 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева соҳиби «Шоҳҷоиза» ва маблағи 70 ҳазор сомонӣ гардид.

Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 32 ҷой, вилояти Суғд 28 ҷой, вилояти Хатлон 17 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 ҷой ва ВМКБ соҳиби 4 ҷой гардиданд.

АКС: Маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Декабрь 19, 2022 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Осорхонаи таърихии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рашт баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ховалинг бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Дар пойтахти мамлакат Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Лахшу Сангвор баргузор гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги шаҳри Бохтар доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш ва Сангвор баргузор мегарданд