ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Ин қишр дар Тоҷикистон 1,59 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад

Декабрь 3, 2022 09:48

ДУШАНБЕ, 03.12.2022 /АМИТ «Ховра»/. Рӯзи байналмилалии маъюбон мувофиқи қарори 47/3 Ассамблеяи генералӣ аз 14 октябри соли 1992 ҳамасола 3 декабр дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, ки ҳадафи он — мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед иброз намуд, ки «тибқи маълумоти оморӣ, шумораи маъюбон дар ҷумҳурӣ то 1 декабри соли равон 159 ҳазору 526 нафарро ташкил медиҳад, ки 32 ҳазору 180 нафар кӯдакон мебошанд. Маъюбон дар Тоҷикистон 1,59 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар мамлакатҳои пасошӯравӣ дониста мешавад. Маъюбони гурӯҳи якум 10,6 фоиз, гурӯҳи дуюм 48, 2 фоиз ва маъюбони гурӯҳи сеюм 20,9 фоиз мебошанд».

Ба гуфти мавсуф, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шахсони маъюбро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» ва дигар барномаву санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳимоя мекунанд.

Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» Асадулло Зикрихудоев зикр намуд, ки барои маъюбон як падидаи бениҳоят хурсандибахш ин буд, ки 22 марти соли 2018 Пешвои миллат баҳри ба «Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон» ҳамроҳ гардидани Тоҷикистон имзои хешро гузоштанд, ки ин аллакай шинохтани ҳуқуқҳои мо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

«Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон ҳамкории худро чӣ дар сатҳи маҳал ва чӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ бо сохтор ва кумитаҳои давлатӣ хуб ба роҳ мондаанд. Шоҳиди ин гуфтаҳо фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсоз мебошад, ки иттиҳодияҳо ва ташкилоти ҷамъиятии маъюбон аъзои онҳо буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки манфиатҳои шахсони маъюбро ҳимоя кунанд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ташкилоти ҷамъиятии маъюбон ҳамкории худро бо мақомоти давлатӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд. Шахсони маъюб худро узви ҷудонашавандаи ҷомеа ҳисобида, ҳама вақт кӯшиш мекунанд, ки қудрату тавони хешро баҳри пешрафту ободии Ватани азиз сарф намоянд»,-иброз дошт Асадулло Зикрихудоев.

ДАР АКС: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баимзорасонии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон, Қароргоҳи СММ, Ню Йорк, 22.03.2018.

Бояд гуфт, ки фаҳмиши муосири маъюбият онро тақозо менамояд, ки шахсони маъюб бояд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолият дошта бошанд ва талаботи онҳо ба назар гирифта шаванд. Яъне на танҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаъол бошанд, инчунин ба ҳаёти сиёсии мамлакат низ ҷалб гарданд, чунки узви ҷомеа ва шаҳрвандони комилҳуқуқи ҳамин мамлакат мебошанд ва ҳуқуқ доранд саҳми худро дар сатҳи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ низ гузоранд.

Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мавзуна Орумбекова ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «инсоне маъюб ба ҳисоб меравад, ки қалби ӯ ҷароҳат дорад, на ҷисми ӯ». Шуъбаи хизматрасонии мо аз нахустин рӯзи ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ дари худро дар ошёнаи аввали бино ба рӯйи маъюбон боз кард ва аввалин хонандагонаш низ ҳамон рӯз вориди толори хониш шуданд.

«Вазифаи асосии фаъолияти шуъба омӯзишу таҳлили хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҷалби онҳо ба китобу китобхона, бунёди фонди электронӣ: китобҳои гӯё, мултимедӣ, такмили фонди шуъба бо адабиёти тозанашри махсус, бақайдгирии ройгони хонандагон, таҳлили дархости хонандагон, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоту ҷамъият ва ғайра мебошад. Дар шуъбаи мазкур маҳфилҳои ҳамешагие, бо номҳои «Равшандилон», «Хандарез», «Ганҷи сухан» амал мекунанд, ки фаъолтарин ширкаткунандагонаш хонандагони аз ҷумлаи афроди имконияташон маҳдуданд», -гуфт ҳамсуҳбати мо.

Муовини Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе Абубакр Асоев иброз намуд, ки «ҳадафи асосии ташкилоти мо- ин ҳимоя аз ҳуқуқи манфиатҳои маъюбон мебошад. Мақсади мо наврасони маъюбро ба таҳсил фаро гирифтан, бо кор таъмин намудан ва ба хизматрасонии тавонбахшӣ фаро гирифтани ин қишри ҷомеа мебошад. Дар ҷамъияти шаҳри Душанбе зиёда аз 2 ҳазор нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари онҳо аз 20-сола боло мебошанд».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба маъюбон ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад. Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таъмин мешаванд. Инчунин дар муассисаҳои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсили умумӣ фаро гирифта мешаванд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 3, 2022 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирии Вируси норасоии масунияти одам дар конфронси байналмилалӣ матраҳ гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони Исфара ба ҷамъоварии гандум оғоз карданд
Дар Панҷакент дар масоҳати як гектар гармхонаи замонавӣ бунёд мегардад
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин бунёд мешавад
Директори Агентии хизмати давлатӣ: «Аксарияти сомонаҳои мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ба талабот ҷавобгӯ нестанд»