«Иштироки фаъолона дар дарсҳои тайёрии ҳарбӣ барои омода шудан ба хизмат мусоидат менамояд»,- маслиҳати сарбозон ба ҷавонони Дӯстӣ

Декабрь 6, 2022 14:48

ДУШАНБЕ, 06.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 100 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстии  вилояти Хатлон 5 декабр ба қисми ҳарбии дар ноҳияи Шаҳритус воқеъбуда рафта, бо шароити будубош ва хизмати ҳарбии афсарону сарбозон аз наздик шинос шуданд. Хонандагон бо низомиён ҳамсуҳбат шуда, аз онҳо чи тавр барои хизмати ҳарбӣ омода шуданро пурсон шуданд. Сарбозон маслиҳат доданд, ки иштироки фаъолона дар дарсҳои тайёрии ҳарбӣ ва пайваста обу тоб додани бадан, яъне ба варзиш машғул будан мушкили хизмати ҳарбиро осон мегардонанд, Ин иқдом бо мақсади тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон роҳандозӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Хонандагонро дар ин сафар мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода, раиси ҲХДТ дар ин ноҳия Абдулҳафиз Қурбонов, сардори Комиссариати ҳарбии ноҳия Ҷамшед Талбакзода ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳангоми боздид аз қисми ҳарбӣ ба хонандагон ҷойи хоб, ошхона, толори хониш, ҷойи машқу тамрини сарбозон, ба қисмҳо ҷудо кардани яроқи ҷангӣ ва истифодаи дурусти он нишон дода шуд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳноза Маҳмадсаидзода ба хонандагон иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонписарон мактаби ҳаёт аст.

«Зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки мафҳуми Ватан-Модар, давлату миллатро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд»,- таъкид кард ў.


Сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур Ҷамшед Талбакзода гуфт, ки адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Ҳар як ҷавонмард уҳдадор аст, ки ин мактаби ҷасорату матонатро гузарад.

Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Дўстӣ Абдулҳафиз Қурбонов илова намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мебарад.

«Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа ба сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён — аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад»,- тазаккур дод ў.

Хонандагон иброз доштанд, ки пас аз хатми мактаб ба сафи Артиши миллӣ пайваста, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо месозанд.

«Тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозем»,- изҳор доштанд онҳо.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Декабрь 6, 2022 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст