Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои миллат

Декабрь 10, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нақш ва хизмати Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккули давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ низ назаррас аст. Илова ба мактаби сиёсии Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, мактаби сулҳоварии он кас низ аҳамияти хосса дорад. Ва ин ҳама аз барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеоянд. Чунин нигоштааст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Қиёмиддин МИРАЛИЁН дар мақолае, ки ба ифтихори 28-солагии таъсиси ин ҳизб ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол кардааст. 

-Мактаби  сиёсии демократӣ дар симои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1992-1994 ташаккул ёфт. Асосҳои назариявӣ-идеологии (фаъолияти ояндаи) Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, соли 1994 (10 декабр) зимни расмиёти (бақайдгирии) давлатии ҲХДТ, дар ҳуҷҷати асосии (Оинномаи) он дарҷ карда мешаванд. Албатта, дар ин баробар якчанд ҳизбҳои сиёсӣ низ ташкил меёбанд, ки ҳар кадом мактаби хоси сиёсии худро дошта, имрӯз ҳам фаъолият доранд, аммо мактаби сиёсии Пешвои миллат бо барномаи худ дар қалби мардум ҳамчун ҳизби халқӣ ҷой гирифт.

Пешвои миллат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ташаккули рукнҳои назариявию амалии мактаби сиёсии худ бо рисолати адолатпарварию инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ пардохта буданд. Тавре дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992)   иброз намуда буданд, «…мақсаду мароми мо бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад».

Зимнан, Тоҷикистон зери сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти идоракунии демократии ҷомеаро интихоб намуд. Чуноне Пешвои миллат дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иброз намуданд, «ман андешаҳои худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин маротиба дар иҷлосияи мазкур (иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ) баён дошта, изҳор карда будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам».

Яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ дар самти демократикунонии муносибатҳо ва татбиқи бомароми ғояҳои сиёсӣ – 10 декабри соли 1994 таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.  Зарурати таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се ҷанбаи зерин асос меёбад:

Якум, дар шароити ҷомеаи демократӣ  зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи шӯравӣ ҳизбе таъсис дода мешуд, то ин ки аз як тараф ҷойи холишударо пур мекард ва аз тарафи дигар, барои рақобати комили сиёсӣ шароит фароҳам меовард.

Дуюм, ниҳоде зарур буд, ки бар асоси ниёзи мардум бояд амал менамуд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла ғояҳои сохта ва бофтаю дини мубини Исломро олуданамуда истодагарӣ намуда, оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш менамуд.

Сеюм, ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи институти демократия ва меъёрҳои байналмилалии идоракунии ҳокимияти сиёсӣ мутобиқат менамуд.

Татбиқи ҳадафҳои барномавӣ тариқи таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои гуногуни давлатӣ, ҳамзамон нақшаҳои соҳавӣ ба роҳ монад мешавад. Чуноне ки дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 оварда шудааст: «Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад рушди устувори кишварро дар марҳалаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё созад».  Барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 7 самт: сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ ва сиёсати хориҷӣ иборат мебошад,  асоси сисёсати давлатро барои 7 соли оянда муқаррар намуда, кишварро ба рисолати асосии пешгирифта – рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум мерсонад.

Дар татбиқи ҳамаи ин масъалаҳо, албатта, дастгоҳи идоракунии иҷтимоию сиёсӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанг истодааст ва мунтазам бо истифода аз василаҳои идоракунии хеш амалисозии ҳадафҳои барномавиро пайгирӣ намуда, гурӯҳи вазифаҳои сиёсӣ-идеологиро ҳамоҳанг намуда, рушди динамикии нишондиҳандаҳои муқарраршударо таъмин менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ – зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъю талош дорад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамасола баргузор намудани конференсияи илмии амалӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ташаббус гардид.

Мактаби  сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешсаф пешоҳанги ҷомеа буда, дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият дорад ва баҳри рушди устувори Тоҷикистон талош меварзад.

Қиёмиддин МИРАЛИЁН,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар вилояти Хатлон,
доктори илмҳои сиёсӣ

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Декабрь 10, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ баррасӣ шуд
Дар панҷ соли оянда дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад