Jazeera Airlines Кувайтро бо Тоҷикистон мепайвандад
ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати Jazeera Airlines ифтитоҳи хатсайри навро, ки Кувайт ва Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, эълон намуд. Ҳамзамон ширкати мазкур ҳудуди парвозашро дар фазои пасошӯравӣ васеъ мегардонад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ дод.
Jazeera Airlines мутмаин аст, ки аз хатсайри нав зоирине, ки нияти зиёрати ҷойҳои муқаддаси исломиро дар Арабистони Саудӣ доранд, истифода мебаранд. Инчунин ширкат самтҳои нави саёҳатро ба Осиёи Марказӣ пешниҳод менамояд.
Хати парвоз аз 29 декабр шурӯъ гардида, рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе фаъолият менамояд. Ҳавопаймо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (DYU) фуруд меояд.
Jazeera Airlines, ки соли 2004 ташкил шудааст, дорои тақрибан 20 ҳавопаймои Airbus 320 ва Airbus 321 мебошад.
Ҷадвали парвозҳо:
J9 631 панҷшанбе, шанбе: Кувайт (KWI)- Душанбе (DYU) 12:10-17:20
J9 632 панҷшанбе, шанбе: Душанбе (DYU)- Кувайт (KWI) 18:50-20:45
Азиза ДАДАБОЕВА.
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






