КОРОНАВИРУС НЕ, ЗУКОМИ МАВСИМӢ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинон даъват мекунад, ки ба худтабобаткунӣ машғул нашаванд
ДУШАНБЕ, 03.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муайян гардид, ки дар мамлакат зукоми мавсимӣ хуруҷ намудааст. Ин нуктаро Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» баён дошт.
Ба гуфти мавсуф, дар робита ба ин ҳолат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзҳои наздик муроҷиатнома қабул намуда, пешниҳоди сокинони мамлакат мегардонад.
«Аз сокинон даъват ба амал меорам, ки ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳанд. Дар ҳолати гирифтор шудан ба зуком ҳатман ба табибони оилавӣ муроҷиат намоянд»,-гуфт Н. Ҷаъфаров.
Бояд гуфт, ки дар 65 кишвари дунё навъи нави коронавируси «сербер» сабт гардидааст.
Наврӯз Ҷаъфаров иброз намуд, ки баробари паҳншавии навъи нави коронавирус дар Қазоқистон ва Россия Вазорати тандурустии мамлакат назорати беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр гардонидааст.
«Ба тамоми бунгоҳҳои тиббӣ дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминии марзӣ дастур дода шуд, ки назоратро тақвият бахшанд. Бино ба ташхисҳои озмоишгоҳҳои вазорат, то ба ҳол ҳеҷ мавриде аз зуҳури коронавируси навъи «сербер» дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст», — гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






