Маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи Олимназар Холиқназаров гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 28 декабр таҷлил мешавад, бо ташаббус ва қарори Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ аз 27 декабри соли 2022 маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзанди далеру шуҷои Ватан шодравон Олимназар Холиқназаров ба номи ӯ гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Ин иқдоми саривақтии намояндагони халқ баҳри қадрдонӣ ва арҷгузории заҳматҳои ҷавонмардонаву садоқати ватандӯстонаи як фарзанди сарсупурдаи Тоҷикистон, ки дар роҳи ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ва домани поки модару хоҳари тоҷик ҷонфидоӣ намуда, то нафаси охирин ба қасами ҳарбии худ содиқ монд, роҳандозӣ гардид. Ташаббуси мазкур ҳамзамон ба хотири тарбияи насли наврасу ҷавон дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, инчунин садоқату вафодорӣ ба Ватан — модар ва хоки муқаддаси Тоҷикистон равона гардидааст.


Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба наздикону пайвандони қурбониён — полковник Олимназар Холиқназаров ва капитан Шералӣ Раҳимзода, ки дар натиҷаи низоъҳои марзӣ ҳалок шуда буданд, изҳори таслият ва эҳсоси ҳамдардии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид
Давлату Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллатро ҳамеша қадр мекунанд.
АКС: рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






