Маҳмадалӣ Ватанзода бо гузоришгари вижаи СММ оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқи инсон Мери Лолор мулоқот намуд

Декабрь 8, 2022 14:37

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо гузоришгари вижаи СММ оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқи инсон Мери Лолор мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон мушовири гузоришгари вижа Брайан Дулей, мушовири ҳуқуқи инсони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Орсолиа Тот, мушовири ҳуқуқи инсони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Софи Хелле ва мушовири миллии ҳуқуқи инсони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Суҳроб Шоев иштирок намуданд.

Маҳмадалӣ Ватанзода зимни мулоқот иброз намуд, ки Парлумони Тоҷикистон барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои инсон зиёда аз сад санади меъёрӣ қабул кардааст.

Инчунин таъкид гардид, ки баҳри ҳимояи ҳифзу ҳуқуқҳои инсон барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ва ҳукуматӣ қабул карда шудаанд, ки ба стандартҳои баӣналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Акс: МН МО ҶТ

Декабрь 8, 2022 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон