Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО соҳиби нақлиёти сайёри тиббӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад нақлиёти сайёри тиббӣ тақдим гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Нақлиёти мазкур дар доираи Барномаи кумаки техникӣ ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар самти мубориза бар зидди ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия амалӣ мешавад, дастрас гардид.
Яке аз ҳадафҳои асосии дармонгоҳҳои сайёр- расонидани хадамоти ташхисӣ ва пешгирикунанда дар иртибот ба ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ ба муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаҳои онҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани хизмати ройгони тиббӣ тавассути чунин нақлиёти сайёр ба аҳолии мамлакат маъракаи «Корвони саломатӣ» ба роҳ мондааст, ки он марҳила ба марҳила дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир карда мешавад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






