МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ АЗ РӮИ УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА». Дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи якум шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишии футбол аз рӯи усули «Деҳа ба деҳа», ки аз 22 то 24 декабр доир гардид, мақоми якум ба дастаи вилояти Суғд, ҷойи дуюм ба дастаи вилояти Хатлон ва зинаи сеюм ба дастаи ноҳияҳои тобеи марказ дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он ҳафт дастаи ғолиби даври минтақавию шаҳрӣ ва вилоятӣ дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур миёни ҳам рақобат намуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва ноиби Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа Ҷом, диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 45 ҳазор сомонӣ- ба ғолибони ҷойи якум 20 ҳазор сомонӣ, мақоми дуюм- 15 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм- 10 ҳазор сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






