Мутахассисони соҳаи маорифи Тоҷикистон ва вилояти Омски Россия табодули таҷриба менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи вилояти Омски Федератсияи Россия ҷиҳати рушд ва вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти табодули донишҷӯёну омӯзгорон, омӯзиши таҷрибаи якдигар, анҷом додани корҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти паркҳои технологии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи омӯзгорӣ тадбирҳои судманд меандешанд. Ин матлаб зимни вохӯрии Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия Александр Бурков баён гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат.
Зикр шуд, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Омск созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки дар доираи онҳо дар мактабҳои олии вилояти Омск зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи маориф дар доираи Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, технология, маориф, тандурустӣ, информатика, варзиш ва сайёҳӣ аз 19 сентябри соли 1995 амалӣ карда мешавад. Россия ва Тоҷикистонро ба таври анъанавӣ муносибатҳои гарму дӯстона, ки ба таърихи муштарак ва наздикии халқҳои ду кишвар асос ёфтаанд, мепайванданд.
Гуфта шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки имрӯз беш аз 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил намуда, ҳамзамон дар кишвар се филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия ва як донишгоҳи муштарак фаъолият доранд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ








Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд






