«НАШЪАМАНДӢ — ВАБОИ АСР». Таҳти ин унвон дар Қубодиён барномаи маърифатӣ-иттилоотӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти унвони «Нашъамандӣ — вабои аср» барномаҳои маърифатӣ-иттилоотӣ доир мегарданд. Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 — и ноҳияи Қубодиён барои таъсирбахш гузаштани чорабинии мазкур хонандагон дар мавзўи оқибати нашъамандӣ саҳначаҳои пандомўз омода карда, расмҳои кашида худро манзур намуданд.
Тавре дар Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 — и ноҳияи Қубодиён зимни баргузории ин чорабинӣ ба хонандагон дар бораи оқибатҳои хатарнок доштани нашъамандӣ ва роҳҳои пешгирии он маълумот доданд. Онҳо аз ҷумла, зикр карданд, ки имрӯз нашъамандӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ба ин амали номатлуб ҷавонону наврасони ноогоҳ аз оқибатҳои даҳшатбори нашъамандӣ даст мезананд.

Таъкид гардид, ки ин табақаи ҷомеа дар ҳама ҳолатҳо бояд худро аз хатарҳои нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва дигар кирдорҳои ношоиста эмин нигоҳ доранд. Истеъмоли маводи нашъадор ва дигар моддаҳои заҳрнок ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонида, оқибат ба марг оварда мерасонад.
«Биёед, якҷоя бо аҳли оила, мактаб, бо рафиқон ва ҳамсояву хешу табор бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ мубориза барем, барои пешгирии чунин кирдорҳо ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоем. Нашъамандӣ ин раҳоӣ аз бенавоӣ набуда, балки сароғози ҳамаи бадбахтиҳои инсон мебошад. Пулу моле, ки бар ивази он дастрас мешавад, муваққатӣ буда, қадру манзалати инсонро коста мегардонад»,-чунин даъват ба амал оварданд омўзгорони мактаб.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






