Натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд

Декабрь 9, 2022 11:39

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/ Дар Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим»  ҳамоиш  баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

Ҳадафи асосии ҳамоиши мазкур — муаррифии натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 27-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва инъикоси қарорҳои нақшаи татбиқи Шарм-уш-Шайх мебошад.

Дар ҳамоиш аз ҷониби намояндагони Кумита рӯнамо пешкаш гардид, ки дар он натиҷаҳои бадастовардаи зерин, аз ҷумла таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҷалби бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим, инчунин эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси «Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»; мубодилаи таҷриба, табодули дониши мутахассисон, коршиносон дар самтҳои гуногун ва дар ҳама сатҳҳо, ғояҳо оид ба такмили сиёсати иқлимӣ  ва татбиқи амалии он; баргузории 21 чорабинии канорӣ оид ба мавзӯъҳои афзалиятноки миллӣ ва мавзӯъҳои марбут ба конфронс дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ, инчунин Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Агентии Оғохон «Ҳабитат», Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Вазорати муҳити зисти Ҷумҳурии Арманистон, Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ ва Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимоти Маршалл Ҷонс, директори кишварии Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабине Олтхоф, намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, директори намояндагии Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Питер Райли, директори намояндагии Агентии Оғохон «Ҳабитат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наваб Алӣ Хан, роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират Кристина Георге Транка ва дигарон иштирок намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Декабрь 9, 2022 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд