ҶОМИ МЕССИ. Мунтахаби Аргентина маротибаи 3-юм чемпиони ҷаҳон оид ба футбол гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мунтахаби Аргентина дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар бар Фаронса пирӯз шуд ва баъд аз соли 1986 дар ин мусобиқот ғолиб омад. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 ва вақти изофӣ – 3:3 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои 11-метра аргентиниҳо бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Дар дақиқаи 23-юм Лионел Месси голро аз зарбаи 11-метра ба самар расонид. Дар дақиқаи 36-ум Анхел Ди Мария ҳисобро 2:0 кард. Муддати тӯлонӣ ҳисоб бетағйир монд, аммо дар дақиқаи 80-ум Килиан Мбаппе аз зарбаи 11 метра гол зада, ҳисобро тағйир дод. Пас аз ду дақиқа Мбаппе ҳисобро 2:2 кард.
Дар вақти иловагӣ Месси ва Мбаппе боз як голии дигар зада, ҳисобро 3 бар 3 намуданд. Дар вақти иҷрои зарбаҳои 11 метра Аргентина ба ғалаба даст ёфт.
Ҳамин тавр, фаронсавиҳо имкони бори дуюм пайиҳам ба унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфтандро аз даст доданд. Ба чунин дастовард дар таърихи ЧҶ ду даста муваффақ шуда буданд — Италия (солҳои 1934 ва 1938) ва Бразилия (солҳои 1958 ва 1962).

Мунтахаби Аргентина бори шашум дар финали ЧҶ ширкат меварзад ва ду бор – солҳои 1978 ва 1986 – чемпиони ҷаҳон ва медали тиллои мусобиқотро ба даст оварда буд. Ин маротибаи 3-юм буд, ки аргентиниҳо ҷомро соҳиб шуданд.
Дар рӯйхати беҳтарин нишозанҳои ЧҶ дар Қатар ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе бо 8 голи задааш дар мақоми аввал аст. Аргентинӣ Лионел Месси 7 гол дар ҳисобаш дорад ва дар мақоми дуюм аст.
Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар Қатар охирин мусобиқае буд, ки дар он 32 даста ширкат доштанд. Дар мусобиқаи соли 2026 дар ИМА, Мексика ва Канада 48 даста ширкат мекунанд. Шакли баргузории марҳилаи гурӯҳии мусобиқот баъдан муайян хоҳад шуд. Аз соли 1998 инҷониб 32 даста дар даври финалии мусобиқоти ЧҶ ширкат мекунанд.
АКС: Reuters








Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад






