Паёми Президенти Тоҷикистон барномаи мукаммали илмӣ, таҳлилӣ ва бунёдии ояндасоз мебошад
ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таҳлили нуктаҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат 26 декабр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- барномаи мукаммали илмӣ, таҳлилӣ ва бунёдии ояндасоз» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи омӯзгорӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарон ва устодони донишгоҳ дар мавзӯъҳои «Мавқеъ ва нақши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат», «Рушди соҳаи маориф – масъалаи калидии Паёми Пешвои миллат», «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ташаббускори пешгирии мушкилоти тағйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ», «Таҳлили ҷанбаҳои иқтисодии нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Масъалаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳои байналмилалӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» маъруза намуданд.
Зикр шуд, ки Паёми Сарвари давлат ифодакунандаи возеҳи рушди самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсати дохилию хориҷии кишвар мебошад, зеро тамоми барномаҳои кории ҳама ниҳодҳои давлат тавассути ҳамин санад баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ баррасӣ намудани нуктаҳои рисолати Президенти мамлакат дар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бояд ба ҳайси амри маъмулӣ амалӣ гардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ









«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид






