Раиси шаҳри Истаравшан бо фаъолияти корхонаҳои саноатии «Шарафи рӯз» ва «Нури Истаравшан» шинос гардид
СУҒД, 11.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз фаъолияти корхонаҳои саноатии истеҳсолии «Шарафи рӯз» ва «Нури Истаравшан» дидан намуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.
Корхонаҳои мазкур 10 августи соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор гирифта буданд.
Корхонаи «Нури Истаравшан» тибқи таъйинот пурра фаъолият дошта, ба раванди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи «Шарафи рӯз» бинобар норасоии ашёи хом ва ҷорӣ шудани маҳдудият дар сарҳади баъзе мамлакатҳо таъсир расидааст.
Раиси шаҳри Истаравшан зимни суҳбат бо соҳибкорон барои тақвияти фаъолияти истеҳсолӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолу ҷойи кори доимӣ дастур ва тавсияҳои муфид дод.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






