Шариф Раҳимзода: «Дар ҷаҳони муосир ҳеҷ давлати ҷаҳон бидуни қарзи хориҷӣ рушд карда наметавонад»

Декабрь 16, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ рушди иқтисоди кишварро таъмин кардан ғайриимкон аст, -иброз дошт Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар мавриди қарзҳои Тоҷикистон аз хориҷи кишвар. Бино ба  гуфтаи вазир, дар ҷаҳони муосир ҷалби қарз аз давлати дигар ё созмонҳои байналмилалӣ  раванди маъмулист.

Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Шариф Раҳимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» ин изҳороти вазирро чунин шарҳ дод:

«Дар ҷаҳони муосир ягон давлати дунё бидуни қарзи берунӣ рушд карда наметавонад, аз ҷумла Тоҷикистон. Ҳатто кишварҳои пешрафтатарин, аз қабили ИМА, Россия, Чин, Олмон ва ғайра қарзи берунӣ доранд. Дар ИМА ва дигар кишварҳои пешрафта қарзи берунии давлатӣ аз ҳаҷми ММД зиёд аст. Давлатҳое ҳастанд, ки қарзи беруниашон нисбат ба ММД беш аз 200% аст. Танҳо кишварҳое, ки нисбат ба онҳо тадбирҳои муайян андешида шудаанд, қарз гирифта наметавонанд», — гуфт мусоҳиб.

Мо танҳо омори қарзи давлатии баъзе кишварҳоро пешкаш менамоем. Масалан, то 1 октябри соли 2022 қарзи хориҷии Россия  56,59 млрд доллар, аз  Чин то охири моҳи июни соли 2022 — 2,63 триллион доллар буд. Ҳаҷми умумии қарзи давлатии ИМА то 3 октябр ба 31 триллион доллари амрикоӣ баробар буд.

Тавре аз ин маълумот бармеояд, имрӯз ягон давлате нест, ки қарзи берунӣ надошта бошад. Ба гуфтаи Вазири молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерулан Жамаубаев, соли 2022 қарзи давлатии Қазоқистон 3 триллион танга ё 6,39 миллиард долларро ташкил додааст. Қарзи давлатии Узбекистон ба ҳолати 1 июли соли 2022 ба 26 миллиард доллар баробар буд, омадааст дар шарҳи Вазорати молияи Узбекистон дар шашмоҳаи аввали соли равон.  Ба ҳолати 30 сентябри соли 2022 ҳаҷми қарзи давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон (берунӣ + дохилӣ) 5,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон тибқи  маълумоти пешакии  Вазорати молияи Тоҷикистон, то 1 октябри соли 2022 — 3,2 млрд  долларро ташкил медиҳад.

Тавре Шариф Раҳимзода иброз дошт, кишваре, ки таносуби баланди қарз нисбат ба ММД дорад, маъмулан ҳангоми пардохт кардани қарзи берунии худ (инчунин «қарзи давлатӣ» низ номида мешавад) ба мушкилӣ дучор мешавад, зеро ҳама гуна бақияи қарз аз қарздиҳандагони берунӣ мебошад. Дар Тоҷикистон қарзи хориҷӣ ҳамагӣ 40% аст. (Масалан, дар ИМА  соли 2022 ҳаҷми қарзи давлатӣ нисбат ба ММД 137% -ро ташкил дод. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар»).

«Тавре аз омор мебинем, кишварҳои сарватманд низ қарз доранд. Зеро бе муносибатҳои қарзӣ дар замони иқтисодиёти  бозаргонӣ пешрафти иктисодиётро таъмин кардан имконнопазир аст. Агар давлат бо кишварҳои дигар робитаи иқтисодӣ дошта бошад, хоҳу нохоҳ қарзи берунӣ мегирад. Ин омилҳои зиёд дорад, аз ҷумла, муҳлати интиқол ва пардохти бор мувофиқ намеояд. Яъне шартҳое ҳастанд, ки дар онҳо аввал маҳсулот ба кишвар ворид ва баъдан пардохт  карда мешавад. Масалан, агар молҳои Тоҷикистон ба ягон кишвар, масалан, ба Амрикои ҷанубӣ фиристода шаванд ва дар 2 моҳ ба ҷойи таъйиншуда бирасанд, он тараф метавонад шарт монад, ки пас аз гирифтани мол маблағро пардохт мекунад. Аз ҳамин сабаб  қарзҳои хориҷӣ ба вуҷуд меоянд», — шарҳ дод коршинос.

Ба гуфтаи мусоҳиб, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз қабили Тоҷикистон, ки иқтисоди нақшавиро анҷом додаанд ва мехоҳанд минбаъд рушд кунанд, табиист, ки барои бунёди корхонаҳо, фабрикаву завод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, НБО ва дигар иншооту инфрасохтор, рушди коммуникатсия, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ба қарз ниёз доранд.

«Табиист, ки ба буҷаи мо ба қадри зарурӣ маблағ ворид шуда наметавонад. Хароҷоте вуҷуд дорад, ки як қисми он аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт мешавад. Аз ҷониби дигар, Ҳукумат ба сармоягузорони хориҷӣ шароит фароҳам меорад, то ба иқтисоди кишвари мо сармоягузорӣ кунанд», — ибрози назар кард Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисод, профессор Шариф Раҳимзода.

Елена БАТЕНКОВА,
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУМОРАИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 128 АДАД РАСИД. Аммо норасоии тухмии зироати кишоварзӣ то ба ҳол боқӣ аст
Дар ноҳияи Шаҳристон кишти картошка идома дорад
Дар шаҳри Гулистон 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешавад
Имсол кишоварзони Тоҷикистон дар зиёда аз 440 ҳазор гектар кишти баҳории зироат мегузаронанд
Дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод дарозтарин пул бунёд мешавад
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Имсол дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳосили картошка фаровон аст
Директори идории ХБА Кристалина Георгиева: «Орзу дорам, ки ормони тоҷикон оид ба пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» ҳарчӣ зудтар амалӣ гардад»
Парлумон Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва AIIB-ро барои сохтмони роҳи мошингарди «Обигарм-Нуробод» ба тасвиб расонд
Дар ноҳияи Ҷайҳун 4967 гектар пунбадона бо усули муосир кишт карда шуд
Дар шаҳри Конибодом Форуми таълимии соҳибкории G5 баргузор гардид
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд