СИРОЯТҲОИ ШАДИДИ ВИРУСИИ РОҲИ НАФАС ВА ЗУКОМ. Дар Қирғизистон 172 мактаб дар ҳолати карантин буда, хонандагон ба таври онлайн дарс мехонанд

Декабрь 15, 2022 12:15

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қирғизистон бинобар вазъи эпидемиологӣ дар соли таҳсили 2022-2023 172 муассисаи таълимӣ ба ҳолати карантин гузаронида шуданд. Тавре агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон хабар додааст.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ин муассисаҳои таълимӣ 32 адад дар вилояти Чуй, 111 адад дар вилояти Талас, 3-то дар вилояти Иссиқул, 6 адад дар вилояти Ҷалолобод, 12-то дар Ӯш ва 8 адад дар шаҳри Бишкек мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми ҳолати карантинӣ омӯзиш ба таври  онлайнӣ гузаронида мешавад.

Дар асоси фармони Вазорати тандурустӣ, мактабу кӯдакистонҳое, ки аз ҷониби маркази назорати санитарию эпидемиологии маҳаллӣ дар бораи ба  карантин гирифтани онҳо  хулоса бароварда шудааст,  ба ҳолати  карантинӣ гузаронида мешаванд.

Дар вазорат тасмими  бастани мактабҳо дар пасманзари афзоиши мизони зиёдшавии зуком ва СШВРН гирифта шуд. Рӯзҳои охир дар беморхонаҳои Бишкек навбатпоии зиёд мушоҳида шудааст. Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти вазорати тандурустӣ, аз 5 то 11 декабр дар Қирғизистон 14 078 ҳолати сирояти шадиди вирусии респираторӣ ва зуком ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба ҳафтаи гузашта беморӣ 1,5 баробар бештар афзудааст. Аз шумораи зиёди беморшудагон қариб 70% кӯдакони то 14-сола мебошанд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 15, 2022 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд