«СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН». Дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда давраи омӯзишӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои занону духтарони болаёқати Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии серӯза аз рӯйи барномаи «Сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ.
Мувофиқи барнома барои бонувон машғулият оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ, татбиқи сиёсати гендерӣ дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, имиҷи зан-роҳбар, ҳуқуқу имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, усулҳои муосири мудирият ва ғайра гузаронида шуда, дар ҷамъбаст баъди санҷиши донишҳои омӯхташуда ба шунавандагон гувоҳномаи хатми давраи омӯзиши такмили ихтисос дода мешавад.
Давраи омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 ташкил шуда, то 28 декабр идома меёбад.
Дар маросими ифтитоҳи давраи омӯзишӣ Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, муовини якуми Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, инчунин намояндагони занони фаъол, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суғд (тариқи маҷозӣ) сухан намуданд.
Бояд гуфт, ки Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат дар Академияи идоракунии давлатӣ соли 2022 бо дастгирии сохтори СММ-занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Дар марҳилаи нахустини фаъолият дар Марказ модули таълимӣ барои 24 соат таҳти унвони «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи барномаи «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ: ҳадафҳо, вазифаҳо ва дурнамо» таҳия карда шуда, 18 нафар тренерони миллӣ омода карда шуданд. Инчунин қариб 100 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи ин барнома аз такмили ихтисос гузаштанд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






