СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Имсол дар ноҳияи Ховалинг 5 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гаштани Солҳои рушди саноат (2022-2026) соли равон дар ноҳия бунёду баистифодадиҳии 5 коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шуд. То имрӯз 4-тои он мавриди истифода қарор гирифта, корҳо дар ин самт идома доранд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг.
Мавриди зикр аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат давоми се соли охир соҳаи саноат дар ноҳияи Ховалинг рушд ёфта, дар ин муддат як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашнҳои 30 ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи бандубасти асал, коргоҳҳои коркарди обҳои ташнагишикан, макаронбарорӣ, мурғи марҷон, корхонаи заргарӣ ва сехи дӯзандагӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, шумораи корхонаҳои коркарди сарватҳои зеризаминии Шугнови ноҳия аз 5 ба 9 адад расид. Аз ҳисоби корхонаҳои навтаъсис ду ҳазор шаҳрванди ноҳия ва сокинони дигар ноҳияҳо ба кори доимӣ таъмин гардиданд.


Ёдовар мешавем, ки 25 сентябри соли 2020 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи заргарии “Одина” ба фаъолият оғоз намуд. Коргоҳи мазкур дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд карда шудааст.
Коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.
Коргоҳи навтаъсис бо дастгоҳҳои махсуси коркарди маснуоти заргарии истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ таъмин карда шуда, дар он 35 нафар сокинони маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд, пас аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






