«Соро компания» бори сеюм дар таърихи худ барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд

Декабрь 8, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Соро компания»-и Душанбе соли 2022 се ҷоиза ба даст овард. Пас аз пирӯзӣ дар Суперҷоми Тоҷикистон ва Суперлигаи Тоҷикистон дастаи Пайрав Воҳидов барандаи Ҷоми кишвар низ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 «Соро компания» бар дастаи «Амонатбонк» бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд. Дубли Самандар Ризомов, голҳои Дилшод Саломов, Идрис Ёров ва легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода ба «Соро компания» ғалаба оварданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов, директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва муовини раиси Раёсати Бонки давлатии «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода ширкат доштанд.

Самандар Ризомов беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 эътироф шуд. Беҳтарин дарвозабони мусобиқа дарвозабони эронии «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ гардид.
Бояд гуфт, ки «Соро компания» барандаи секаратаи Ҷоми кишвар гардид. Қаблан бошгоҳи шаҳри Душанбе солҳои 2020 ва 2021 соҳиби ин ҷоиза шуда буд.

Акс: ФФТ

Декабрь 8, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд