Таъмиру навсозии роҳи байналмилалии Дарвоз-Ванҷ дар шаш қитъаи алоҳида идома дорад

Декабрь 25, 2022 09:01

ХОРУҒ, 25.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июни соли равон сохтмони роҳи мошингарди Дарвоз- Ванҷ расман ифтитоҳ гашта, имрӯз навсозии он бо ҷалби зиёда аз 150 адад механизму техникаи роҳсозӣ дар шаш қитъаи алоҳидаи роҳ идома дорад, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Қитъаи роҳи байналмилалии Дарвоз- Рӯшон аз солҳои 80-уми сари гузашта инҷониб рӯи таъмирро надида, баъзе аз қисматҳои он комилан тахриб шудааст. Маҳз бо ҳамин сабаб мошинҳои мусофирбару боркаш баъзан пас аз як шабонарӯз худро ба манзил мерасонанд.

Бо мақсади ҳарчӣ зудтар аз байн бурдани ин мушкилот моҳи июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо фаъолони мамлакат дар ноҳияи Данғара дар ин бора таъкид намуданд.

Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ лоиҳаи навсозии ин қитаъи роҳро тартиб дод ва ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурд. Пас аз як моҳ корҳои сохтмонӣ аз тарафи ширкати давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Чайна роуд эндрич коорпорейшин» шурӯъ гардиданд. Арзиши харҷномавии лоиҳа 226 миллиону 380 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Масофаи қитъаи роҳи Дарвоз-Ванҷ 96 километр буда, мутобиқи нақша дар ин масир сохтмони 15 пули мошингузар, 5 долонҳои зиддитармавӣ ва 2 нақби автомобилгард бунёд мегарданд.


Яке аз ин нақбҳо севуним километр дарозӣ дошта, бо ба истифода додани он 18 километр роҳ кӯтоҳ мегардад. Сохтмони ҳарду нақб босуръат идома дошта, барои кандани нақб роҳсозон аз техникаи муосир истифода мебаранд. Бартарии нақб дар ин қитъаи роҳ дар он аст, ки он аз даруни кӯҳ мегузарад ва ҷинсҳои кӯҳӣ хеле сахту маҳкам мебошанд. Ҳамзамон эҳтимоли рехтани ҳар гуна хоку рег ва об қариб ба сифр баробар аст.

Бо мақсади тезондани корҳои сохтмонӣ 150 адад техникаи пуриқтидори роҳсозӣ аз субҳ то шом кор мекунанд. Танҳо баъди ҷамъшавии мошинҳои мусофирбару боркаш ба муддати се соат корҳоро мутаваққиф мекунанд, то ин мошинҳо роҳро убур намоянд. Дар сохтмони ин қитъаи роҳ ҳоло 245 нафар кор мекунанд, ки 198 нафари онҳо ҷавонони маҳаллӣ мебошанд. Як гурӯҳашон коргарони одӣ буда, гурӯҳи дигар мутахассисони варзидаи соҳаи роҳсозӣ мебошанд.

Дар оянда ин мутахассисони ҷавони тоҷик бо истифода аз таҷрибаи андӯхтаашон метавонанд дар бунёд ва таҷдиди роҳҳои мошингарди Тоҷикистон мустақилона саҳм гузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид