Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА ҳамкориро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти назорати маводи нашъаовар омода мебошанд. Ин нукта 7 декабр зимни мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Теа Ҷалиашвилӣ тазаккур дода шуд.
Зимни мулоқот ҳамчунин Ҳабибулло Воҳидзода аз сатҳи ҳамкории судманди Агентӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва самтҳои фаъолияти Агентӣ, вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва инчунин оид ба ҳамкорӣ дар самти назорат ва пешгирии нашъамандӣ ёдовар шуда, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори Агентӣ Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар таъмири бинои маҷлисгоҳи хурди Агентӣ кумаки молиявӣ намуда, онро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонид. Он минбаъд дар қабули меҳмонон ва баргузории маъракаҳои гуногун, аз қабили ҷаласа, семинар ва мизҳои мудаввар дар соҳаи коҳиши талабот ба маводи нашъаовар ва ғайра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) соли 1994 оғоз ёфт. Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор оид ба таъсиси Миссияи САҲА дар Тоҷикистон ҳанӯз 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд.
Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА аз 19 июни соли 2008, Маркази САҲА ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйири ном кард. 1 июни соли 2017 Шӯрои доимии САҲА қарорро таҳти №1251 бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои иштирокчии Созмон барои мандати нави Дафтар қабул намуд. Тибқи он Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табдил ёфт.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовар








Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид






