Вакили Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи комиссияҳои доимии АБ ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи «Нақши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими фаъолияти парламенти касбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар айни замон хусусияти бисёрҷониба касб намудаанд, ки бо печида шудани равандҳои байналмилалӣ, рушди ҳамгироӣ, пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав ва дигар омилҳои муассир алоқаманданд.
Гуфта шуд, ки тайи сӣ соли охир мақоми олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил ва татбиқи низоми ҳамкории байнипарлумонӣ бо кишварҳои соҳибистиқлол, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ талошҳои зиёд ба харҷ додааст.
Ба шарофати ин талошҳо дар марҳалаҳои гуногуни таҳкими истиқлолияти давлатӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвари мо бо ҳамкории судманду муассир бо парлумонҳои давлатҳои хориҷӣ дар муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ нақши муҳим мебозад.
«Мехоҳам бори дигар нақш, мавқеъ ва саҳми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ-ро ҳамчун платформае зикр намоям, ки дар он қонунҳои намунавӣ дар сатҳи баланди касбӣ таҳия гардида, барои таҳким ва такмили қонунгузории миллӣ имкон медиҳанд. Инчунин, тағйироте, ки ҳамасола дар соҳаи ҳуқуқ ва сиёсат ба вуҷуд меояд, ба баланд шудани савияи касбии вакилони парлумони мо мусоидат мекунад,-гуфт дар интиҳо Зоир Раҳмонзода.
Акс: МН МО ҶТ








Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд






