Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд

Сентябрь 15, 2026 15:44

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи ниҳоят баланд қарор доранд. Ба онҳо эътимоди сиёсӣ, эҳтироми мутақобила ва дастгирии пайвастаи манфиатҳои дарозмуддати якдигар хос мебошад. Дар ин раванд иродаи сиёсӣ ва таваҷҷуҳи шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин нақши муҳим доранд.

Такъид шуд, ки созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада имкониятҳои васеъро барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии мо фароҳам меоранд. Дар ин раванд ҳамкории байнипарламентӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Парламентҳо такягоҳи муҳимми муносибатҳои дуҷониба мебошанд. Онҳо барои муколамаи доимӣ, табодули таҷриба ва таъмини қонунгузорӣ ва созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада имконият фароҳам меоранд.

Изҳор гардид, ки Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегиро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин баланд арзёбӣ менамояд.

«Мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои мустақим байни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин манфиатдор ҳастем. Рушди ҳамкорӣ байни кумитаҳои соҳавиро махсусан муҳим арзёбӣ менамоем. Ба он боварем, ки ҳамкориҳои зичи парламентӣ ба таҳкими минбаъдаи эътимоди мутақобила ва ҳамкории амалӣ байни кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард», — изҳор намуд Азиз Гиёзода.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2026 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд