ВОБАСТАГИИ ИНТЕРНЕТӢ. Тадқиқот: Эҳсоси дилтангӣ аз беҳуда сарф кардани вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ муфидтар аст

Декабрь 30, 2022 11:26

ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаққиқони бритониёӣ ва ирландӣ ба хулосае омаданд, ки холӣ будан аз кор ба эҷодкорӣ мусоидат хоҳад кард, ин дар ҳолест, ки дидани шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири баръакси онро хоҳад дошт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар таҳқиқоти Мактаби менеҷменти Донишгоҳи Бат ва Коллеҷи Тринити Дублин гуфта шудааст.

Вобастагии интернетӣ-бемории асри XXI аст. Он шахсро ба хоҳиши пайваста дар Интернет будан ва идора карда натавонистани эҳсосоти худ оварда мерасонад.

Имрӯз барои бисёриҳо ҳаётро бидуни Instagram ва TikTok, мукотиба дар мессенҷерҳои фаврӣ ва тамошои беохири саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан душвор аст. Вале чӣ тавре ки маълум гардид, ин тарзи вақтгузаронӣ эҷодиётро коста намуда, диққатро аз корҳои заруртар дур месозад.

«Мушкилотеро, ки мо мушоҳида намудем, дар он зоҳир мегарданд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд дилтангии рӯякиро каме ҳам бошад, бартараф намоянд, аммо ин бартарафсозӣ вақт ва неруро гирифта, метавонад одамонро аз рафтан ба ҳолати дилтангии амиқ, ки дар ин гуна ҳолат имкони кашфиёти нав мавҷуд аст, пешгирӣ намоянд»,-гуфт яке аз муаллифони таҳқиқот духтур Тимоти Хилл.

Бисёр одамони эҷодкор, аз ҷумла нависандагон Ҷон Роулинг ва Агата Кристи дилтангиро такони эҷодӣ барои офаридани асарҳои худ номидаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 30, 2022 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд